КӮЛОБ. Волонтёрон - азъои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар тозаю озода кардани манзилҳои зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида ёрии амалии худро мерасонанд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон минбаъд низ чунин тадбиру иқдомҳои нек идома ёфта, ба ин васила ҳизбиён ёрии амалии хешро ба зарардидагон аз офати табиӣ мегузоранд.