БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ХУШБАХТИИ МАРДУМИ ТОҶИК АСТ

АНДЕША. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари бегонае чашми тамаъ боз  накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ, бофарҳангӣ ва соҳиби тамаддуни қадима будани мардуми шарифи мост.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст, онро ба сифати давлати мустақили соҳибистиқлол этироф  намуданд. Халқи тоҷик бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон миллати соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд. Тақдир ба сари давлат шахсеро овард , ки тавонист кишвари моро ба роҳи нави зиндагӣ раҳнамо созад . Ин шахсияти таърихӣ фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба ҷасорату матонат ва дурандешии ӯ баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон, Суруди нави миллӣ гардидем.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.                                       

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он раҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд:

Ҷашни худшиносиву худогоҳии миллӣ , ҷашни бунёдкорӣ, ҷашни оромиву суботи кишвар, ҷашни арзишҳои миллӣ, ҷашни бузурги Меҳан 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми тоҷикону тоҷикистониён мубораку фархунда бошад!

Ф. Қосимов,  мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg