БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи давлат аз саломатии миллат вобаста аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тибииёт» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ баргузор гардид.

Мудири шуъба ба сухан баромада қайд намуд, ки саломатии одам ҳамчун намуди категорияи биологӣ, нишондиҳандаи асосии инкишофи ҷамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро ҳамчун боигарии ҷамъият на танҳо мафҳуми иҷтимоӣ,  балки экологӣ дида баромадан лозим аст.

Мувофиқи муаянкунии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ саломатӣ ин беҳбудии вазъияти пурраи ҷисмонӣ-руҳӣ ва иҷтимоии одам дониста мешавад.

Соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg