ДАНҒАРА. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз ташкилоти ибтидоии “Нури Истиқлол”-и Донишгоҳи давлатии Данғара дидан намуданд.
Дар идомаи санҷиш аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба як чанд нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлол” - и Донишгоҳи давлатии Данғара шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд.