БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲАЁТИ МО - ҶАВОНОН

АНДЕША. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон ва ҷиҳати дастгирии давлатии ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Такя ба неруи ҷавонон яке аз иқдомҳои накӯ ва дурандешонаи сиёсати Ҳукумат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди душвориҳо масъалаҳои ҷавонон дар мадди назари аввали Ҳукумат қарор дошт.

Мо - ҷавонони бонангу ор дар ҷавоб ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаеро рӯи даст бигирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg