ВОСЕЪ. Корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иштирок дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Восеъ бо маром идома дорад.
Бояд қайд намоем, ки ҳафтаи гузашта дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азизов Саймухтор сангфаршкунии роҳҳо байни деҳаҳо гузаронида шуда буд. Ва ин бор низ бо дастгирии ин шахс 1050 метр роҳҳои байни деҳаҳои боқимондаи ҷамоати деҳоти Гулистон сангфарш карда шуд, ки дар он сокинон барои тахту ҳамвор кардани роҳҳо кумак расониданд.