ВОСЕЪ. Ҷиҳати васеъ кардани каналҳои обпарто бо мақсади пешгирии офати табиӣ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои бартарафсозӣ идома дорад.
Ҳасанзода Шералӣ муовини якуми раиси ноҳия корҳои батрафсозии оқибати офати табииро таҳти назорати доимии худ қарор дода, баҳри пешгирии минбаъдаи боришоти зиёд корҳои васеъкунӣ ва мустаҳкамкунии саддаро амалӣ намуда истодааст.
Тибқи гуфтаҳои мутахассисон дар натиҷаи боришоти зиёди борони сели рӯзҳои 12-13 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи лағжиши кӯҳ оби аз кӯҳ ҷоришуда ҷамъ шуда, саддаҳои назди деҳаро рахна менамояд, ки дар натиҷа зиёда аз 80 адад хонаи истиқоматӣ зарар мебинанд.