БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҶАВОНОН

БОХТАР. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии фаъолони ҳизбӣ бо хонандагону волидон ва омӯзгорон дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёни умумии №7 –и шаҳри Бохтар баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур Ҳакимова Волида  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Сафарзода Гулбаҳор  намоянда аз ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндагони шуъбаи маориф, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. 

Пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳар гуна амалҳои номатлуби ҷомеа ва ҷинояту ҷинояткорӣ, яке вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки ба ин масъалаи доғи рӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда худро бетараф нагузорем. Чунки падидаҳои номатлуби муосир  ҷавононро ба ҳар ақидаву ҳаракатҳои нолоиқ бурда мерасонад, иброз намуд, Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни суҳбат бо хонандагону волидон ва омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёни умумии №7-и шаҳри Бохтар.

Дар рафти суҳбат бо хонандагон ва волидайни онҳо масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили ҷиноят, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ, самаранок ва бомақсади омӯзиши илму дониш истифода намудани интернет,  пешвоз гирифтани ҷашни муҳимми таърихӣ 30 –солагии Истиқлолияти далатӣ баррасӣ карда шуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg