БОХТАР. Бояд ҳар як ҷавони фаъоли замони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот дар муҳофизати муқаддасот ва манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “30-солагии Истиқлолият” мулоқот доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ Асадуллозода Ватан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Саидов Илҳомиддин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Атозода Зайнддин-намояндаи бахши кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳри Бохтар, Сафаров Давлатёр директори маркази ҷавонони шаҳри Бохтар, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Донишҷӯён меҳмононро бо шеъру таронаҳои ватандорӣ пешвоз гирифтанд. Чорабинии мазкурро Асадуллозода Ватан ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи ватандӯстӣ, хештаншиносиву инсондӯстии ҷавонон суҳбат намуда, изҳор доштанд, ки ватандӯстӣ, хизмат ба халқу Ватан яке аз гӯшаҳои имондорист.
Сипас, Саидов Илдҳомиддин бо маърӯза дар мавзӯи “Ҷавонон дар мадди назари Пешвои миллат ва имкониятҳои онҳо” баромад намуда, ҳамчунин қайд намуд, ки ҷавонони соҳибтамаддуни кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ эътироф мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯён баромад намуда, аз имкониятҳое, ки давлату ҳукумати кишвар баҳри ҷавонон мекунанд, изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Ҳамчунин ба 100 нафар аъзои ҳизб билети ҲХДТ супорида шуда, ба онҳо маслиҳату тавсияҳо доданд, ки илмҳои замони муосирро аз худ карда, аз имкониятҳои назарраси соҳаи маориф истифода баранд ва баҳри пешрафту гулгулшукуфоии ватани азизамон содиқона хизмат намоянд.