А.ҶОМӢ. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо қишрҳои гуногун, алалхусус ҷавонони маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар намояндаҳои қишрҳои гуногуни маҳалла, махсусан ҷавонони маҳалла иштироки фаъолона доштанд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло ва мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат, ҷиҳати фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон истода гузашта зимни суханрониҳояшон зикр намуданд, ки дар Паём масъалаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва сиёсати хориҷии он, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таҳлилу баррасӣ гардид.
Мутобиқи қарори маҷлис дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Наврӯз» таъсис дода шуд.
Сипас, масъалаи ташкилӣ баррасӣ карда шуда, Валиев Парвизро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ баргузор гардид.