БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНЪАНАҲОИ МИЛЛИАМОНРО ПОС МЕДОРЕМ!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фаровон-Қӯрғонтеппа” вохӯрии гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо соҳибкорону мизоҷон аз аъзои ҲХДТ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Шерхонзода Ҳайдар,  мудири шуъбаи  кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ҳакимова Волида, намояндагони МНДСЭ, бахши ҷавонон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар аъзои  гурӯҳи тарғиботӣ иштирок доштанд.

Ҷиҳати рушди анъанаҳо моро зарур аст, ки ба анъанаҳои неки ниёгонамон рӯ биёрем. Дар радифи анъана ва урфу одатҳои дигаре ҳастанд, ки таҷассумгари ҳикмати ҷандинҳазорсолаи миллати тоҷик буда, бо чунин шаклу равиш ва қоидаҳои дар назари аввал содда, амо дар асл хирадмандонан, на танҳо ҷомеаи худ, балки ҷаҳониёнро дар рӯҳияи башардӯстониву некандешӣ ва одобу маданияти баланд тарбя намудаанд, - иброз дошт, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фаровон Қӯрғонтеппа” Шерхонзода Ҳайдар.

Сипас, Ҳакимова Волида ва дигар баромадкунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла, оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, мубориза бо коррупсия, иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи дононӣ китоб аст», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg