ШАҲРИТУС. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов» бо мақсади муташаккилона доир намудани семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман» гузаронида шуд.
Ҳамчунин дар семинар аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ таъкид гардид, ки талаботи мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзои ҳизб, ки дар шаҳодатнома дарҷ шудаанд бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо ведомости пардохти ҳаққи узвият, дар ҳолати муайян кардани қарздорӣ фавран пардохти он аз ҷониби аъзои ҳизб ҳатмист, дарҷи қайд дар шаҳодатнома оид ба аз қайдгузари дар муддати 5-сол ва тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ бояд риоя карда шавад.