Н. ХУСРАВ. Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроия дар байни ҷавонону наврасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 мусобиқаҳои варзишию фароғатиро баргузор намуданд.
Ҷавонону наврасон бозиҳои варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот байни ҳам мусобиқа намуданд. Ҳамчунин байни дастаҳои духтарон мусобиқаи волейбол баргузор карда шуд.
Масъулин Кумитаи иҷроия ба ҷавонон муроҷиат намуда, қайд карданд, ки шумо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти Пешвои миллат пайваста баҳравар ҳастед. Аз ин лиҳоз ҳар яки Шумо тамоми кӯшишу ғайрати худро дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани азизи худ сафарбар намоед.
Ҷавонону наврасонро ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.