Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлол бо ҷалби ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, волонтёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбии «Таъмини об» баргузор гардида, ҷӯйи обгузари деҳаро аз нав тоза намуда, барои заминҳои наздиҳавлигии маҳллаи навбунёди деҳа оби полезӣ гузарониданд. Масъулини Кумитаи иҷроия дар баргузории Аксияи мазкур иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки мо раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш мебахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатамонро дар руҳияи баланди ватандорӣ истиқбол менамоем.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеа ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам пурмасъул бошем.