ХОВАЛИНГ.Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҳаводорони каломи бадеъ ва иштироки фаъолонаашон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” дар байни хонандагон ва сокинони ноҳия пайваста корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ мебаранд. Намояндагони ҳизбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 миёни хонандагон ҷиҳати хондани китобҳои бадеӣ, эҷодӣ асарҳои назмию насрӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои мазкур суҳбат намуданд.
Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ низ якчанд нафар хонандагони муассиса барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ тайёрӣ дида истодаанд.