ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар байни хонандагони литсейи касбӣ - техникӣ аз рӯи намуди теннис мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд.
Мусобиқа бо шӯру шавқ давом намуд ва ҷамъбасти он ғолибонро муайян сохт. Дар мусобиқа хонандагони гурӯҳи технологияи информатсионӣ ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чунин мусобиқаҳоро дар дигар муассисаҳои таълимӣ гузаронида, наврасону ҷавононро барои сазовор истиқбол намудани санаи муборак – Рӯзи ҷавонон ҳаматарафа омода менамояд.