БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни миллӣ камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳоро омӯзонид

ФАРХОР. Дирӯз бо сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди иштирокдорон  баромад намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии роҳҳои гаравидани шаҳрвандон ба ҳаракату ташкилотҳои террористию ифротӣ, камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо, рӯ овардан ба сарфакорию сариштакорӣ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Дар рафти маҷлис бо овоздиҳии аъзои ҲХДТ дар деҳаи мазкур ташиклоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Сомониён» таъсис дода шуд.

Дар охири маҷлис ба суолу дархостҳои иштирокдорон ҷавобу маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg