БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалби духтарони деҳот ба ҳунаромӯзӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз вохӯриашон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бармеоянд, ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани сокинон махсусан ҷавондухтарон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳия курси дӯзандагӣ ташкил карда шудааст, ки дар он хонандагон пас аз дарсҳо ба  омӯхтани ин ҳунар машғул мешаванд.

Аз рафти шуғломӯзии гулдухтарон мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Атавуллоева Зебунисо ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҳасанова Нигора дидан намуданд.

Атавуллоева Зебунисо дар назди толибилмон баромад намуда, зикр кард, ки ҳунар ва ҳунармандӣ аз қадимулайём маҳсули хираду дасти инсоният буда, як бахши муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳунари дӯзандагӣ низ таърихи қадима дошта, аз ҳар як дӯзанда масъулиятнокиро талаб менамояд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба омӯзиш, эҳёи ва паҳн намудани  ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонон бештар гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар  шахси худогоҳу хештаншиносро  зарур аст, ки ба омӯзиши  ҳунарҳо ва фарҳанги миллӣ аҳамияти бештар дода, нагузорад, ки дар замони пуртаззоди муосир арзишҳо ва фарҳангу ҳунари миллии мо моҳияти худро аз даст диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg