ФАРХОР. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ташкилоти ибтидоии “ВНМО”-и ноҳия дидан намуданд.
Дар натиҷаи санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ маълум гашт, ки ҳамаи аъзои ташкилот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ доранд ва дар онҳо камбудиҳо дида намешаванд.
Ҳамчунин, аз ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд. Ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти мазкур ба танзим дароварда шуда, ҳар моҳ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳисоботҳои оморӣ пешниҳод менамояд.
Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад, баъзе камбудиҳо ҳоло низ ҷой доранд, ки оид ба бартараф намудани онҳо ба роҳбари ташкилот дастур дода шуд.