БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

НОРАК. Дар доираи маҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо хатмкунандагоне, ки имсол тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил мешаванд, вохӯрӣ доир гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  дар ин вохӯрӣ бобати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии онҳо аз хатарҳои глобалии ҷаҳони имрӯза ибрози назар намуданд. Ҷавонон низ дар навбати худ аз собиқадорон дар раванди пешбурди ҷомеа ба саволҳояшон посухҳои мушаххас  гирифтанд.

Инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ  ҷавононро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, барояшон интизоми намунавӣ ва хониши хубу аъло орзу карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg