НОРАК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ менамояд.
Ин навбат масъулин дар деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ба хонаҳои сокинон ташриф оварда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигияшонро дидан намуданд.
Ҳамчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, рангу бори манзили зист, татбиқии ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуданд.