ҚУБОДИЁН. Бо иштироки масуълини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 – и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён миёни хонандагони синфҳои поёнӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.