БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО САРҶАМЪИВУ ЯКДИЛӢ ҲАМА МУШКИЛИРО ПАСИ САР ХОҲЕМ КАРД

АНДЕША. Бо фарорасии фасли баҳор ё тобистон дар натиҷаи боришоти зиёд ҳамасола дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар натиҷа ба солимии аҳолӣ ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонида,  рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро коҳиш медиҳад.Тибқи маълумотҳои оморӣ чаҳон ҳар соле тақрибан 200 млн нафар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки илму техника ҳарчанд пешрафт намояд, инсоният  наметавонад худро  ва табиатро аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта эмин нигоҳ дорад. Далелҳо собит менамоянд, солҳои охир шумораи офатҳои табиӣ зиёд гардида,дар натиҷа фавти одамон солҳои охир 4,3% ва миқдори зарардидагон 8,6% афзуда, хисороти иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 6% зиёд гардидааст.           

Маълум аст, ки    офатҳои табиӣ – ин мушкилоти  глобалӣ буда, сарчашмаи асосии паст  рафтани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мегардад.Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуи башар наметавонад аз сарзадани  офатҳои табиӣ комилан дар эмин бошад.Маъмулан тӯли  аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯлоб, А.Ҷомӣ, Вахш, Ш.Шоҳин)  ва як чанд шаҳру ноҳияҳои дигар дар натиҷаи боришоти зиёди борон   ва омадани сел ҳисороти зиёди ҷонию молӣ ба  сокинони минтақаҳои мазкур расонида шуд. Бо назардошти пайи ҳам сарзадани офатҳои табиӣ бо дастгирию ғамхории азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситод аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат ташкил карда шуда, бо сокинони минтақаҳои болозикр суҳбатҳо доир карда шуданд.Дар ин баробар ҷиҳати дастгирии оилаҳои зарардида кумакҳои  саривақтии  Пешвои  миллат  ба ҳар як оилаи зарардида  расонида шуд, ки аз ин иқдомоти хирадмандонаи Президенти мамлкат дигар шахсони хайрхоҳу ватандӯст пайрави намуданд.Дар ҳақиқат маълум гардид, ки маҳз сарҷамъиву якдилӣ метавонад моро аз ҳама мушкилот раҳонад.Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат хонаҳои истиқоматии сокинон дар фурсати кутоҳтарин сохта ба истифода дода мешавад.Дар ин баробар тамоми сокинони мамлакатро месазад, ки нисбати якдигар меҳрубон, дастгир ва ғамхор бошанд, кумакҳои моддию ҷисмонии худро нисбати якдигар расонанд, зеро мутаҳҳидиву сарҷамъии мо метавонад моро аз ҳама мушкилот раҳонад.

Худойдод  Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg