БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМИ БАД ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

АНДЕША. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати давлатҳоро барҳам мезанад. Ҳоло он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни амини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.                                                                  

Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкорони террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.                     

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистон Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузорад. Дар ин зимн метавонд аз Сурия ёдовар шуд, ки бинобар ҷанги ҳафтсола ин кишвар ба хисороти ниҳоят зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва талафоти ҷонӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ба як харобазор табдил ёфта, аз ёдгориҳои таърихию фарҳангиаш ному нишоне намондааст. Имрӯз дар ин кишвар зиёда аз 8 млн. нафар дар дохилу хориҷ паноҳанда шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати сиёсати хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳкрии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобуди раҳо ёфт.

Солиҳов Фаррух, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg