БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДОБИ СУХАНГЎӢ

АНДЕША. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.

Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад.

Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯй метавонад дили хуфтаро бедор ва ақли хастаро ҳушёр созад. Бузурге гуфта:
«Ай инсон! Сухане гӯй, ки маъшуқаҳо Лайлӣ шаванду ошиқон Маҷнун, ақлҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гӯй, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зиндагӣ фаро хонад, на ба марг. Сухане гӯй, ки болу пари Симурғ дошта бошаду макону замонҳоро тай кунад. Сухане гӯй, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад.

Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад.
Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин, дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидаасг, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дассисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад.Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор тақвият бидиҳем:

Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Рустам Тағайзода, ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg