БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО ШУМОЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву башарпарваронаи ҲХДТ озмуни “Мо бо шумоем” - ро барои кӯдакону наврасони синни аз 6 то 18 сола эълон кардааст.

Дар ин асос Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 озмуни “Мо бо шумоем” - ро баргузор намуд. Озмун аз рӯи 2 номинатсия-  маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ баргузор гардид.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарфароз гардонида шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg