АНДЕША. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Мо ифтихор дорем, ки дар бисту ҳафт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.
Муқимӣ будан дар соҳили рӯду мавзеъҳои дорои обҳои фаровон ба халқи куҳанбунёди мо, хусусан сокинони заҳматпешаи ноҳияи Панҷ имконият додааст, ки тавассути шуғли асосии зиндагисоз, ба монанди зироаткориву чорводорӣ, бунёди боғу токзор ва касбу ҳунарҳои мардумӣ дар ободонии макони зист ва рӯзгори хеш ба пешравиҳо ноил гардида, бо кору фаъолияти софдилона диёри худро обод гардонанд, арзишҳои миллиамонро гиромӣ доранд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоранд.
Ноҳияи Панҷ дар даврони соҳибистиқлолии Ватанамон бо мусоидату ғамхории Ҳукумати мамлакат, заҳмати софдилонаи сокинони он ва саҳми соҳибкорони саховатманд хеле тараққӣ карда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Мардуми ноҳия аз пир то ҷавон ҳамеша ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллатро дастгирӣ менамоянд.“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ин озмун се сол боз, хушбахтона, аз пир то ҷавони кишварро ба мутолиа ҷалб менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради Худододашон бо ташкили чунин озмуни мондагор имкон надоданд, ки мутолиаи китоб ба гӯшаи фаромӯшӣ равад. Дар партави дастгирии Пешвои миллат ва беҳтар намудани шароити хондани китоб дар ноҳия Китобхонаи нав бунёд ёфта, дар ҳоли ба истифода додан аст.
Барои таъмини сулҳу субот мардуми ноҳия аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми ноҳия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.Чуноне Сарвари кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ қайд намудаанд «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода,барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”. Аммо солҳои охир Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар бинои иҷоравӣ фаъолият менамуд. Хушбахтона бо дастгириии мардуми ноҳия бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дуошёна сохта мешавад ва дар тарҳи иншоот бунёди 1 толори маҷлисгоҳ, 6 утоқи корӣ ва утоқи бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.
Имрӯз мардуми ноҳия хушбахтона зиндагӣ намуда, Истиқлолияти кишварро гавҳари чашми хеш медонанд. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Мирсаидова Давлатмоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ