КӮЛОБ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа инкишофи қобилияти эҷодӣ, бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмӯни ҳизбии “Мо бо шумоем!” миёни кӯдакону наврасони маъюби аз 6 то 18 сола баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур аз рӯйи 3 номинатсия ташил ва баргузор карда шуд.
Аз рӯйи номинатсияи 1-ум маҳорати суханварӣ ва қироати порчаҳои шеърӣ ҷойи якум насиби хонандаи синфи 2-юми Литсейи №1- и шаҳри Кӯлоб Асоев Юсуфҷон, аз рӯйи номинатсияи 2-юм маҳорати сурудхонӣ сазовори ҷойи 1-ум хонандаи синфи 11-уми МТМУ №51 Асламов Сарбаланд ва аз рӯйи номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҷойи 1-ум насиби тарбиятгирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Ҳисайнов Ҷамшед гардид.
Дар фарҷом ғолибони озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.