КӮЛОБ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки масъулияти олии ватансозиро ба душ дорад, дар раванди корҳои тарғиботӣ тарбияи мафкураи ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки худ мешуморад.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” оид ба шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор шуд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” Давлатов Мираҳмад иштирок ва баромад намуданд.
Зимнан, Валиева Саъбагул зикр намуд, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамояд.
Инчунин, гуфта шуд, ки асоси фаъолияти ҳизбро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии он ташкил медиҳад. Дар ин росто ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки дар раванди корҳои тарғиботӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа иқдом намоянд.
Дар навбати худ Давлатов Мираҳмад баромад карда, изҳор дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо кӯшиш менамояд бо иқдомҳои созанда ва нақша-чорабиниҳои воқеии худ дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар гузорад.