ТАЪЗИЯ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хатлқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар маҷмуъ кулли ҳизбиёни вилоят нисбати даргузашти мудири шуъбаи матбуот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ андуҳгин буда, ба хешону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонанд.
Марҳум Усмон Солеҳ аз зумраи шахсиятҳое шуморида мешавад, ки тамоми ҳастии худро ба халқу ватани хеш ва тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бахшид. Мавсуф баъди хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира Ҷумҳурият) ва «Минбари халқ», “Ваҳдат” ва дигар нашрияҳои даврӣ кор кардааст. Марҳум як муддат ба ҳайси сардори маркази матбуотии Маҷлиси Намояндагон низ фаъолият намуда буд. Усмон Солеҳ ҳамчун журналист аз истеъдоди баланди эҷодӣ бархурдор буд ва дар мавзӯҳои мухталифи рӯз гузоришу мақолаҳои ҷолибу хонданӣ менавишт. Метавон гуфт, ки то охирин нафас фидоии кори хеш буд.
Дар зиндагӣ ва муносибат бо дӯстону ҳамкорон бо фурутаниву хоксорӣ ва хушгуфториву беозории худ маҳбубу дидадаро гардида буд.
Имрӯз ҷояш аз дида ба дилҳо рафт. Рӯҳаш шод бод.