КӮЛОБ. Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома доранд.
Дар ин росто, бо иқдому тадбирҳои неки оилаи Касировҳо корҳои сафолакпӯшии роҳҳои пиёдагарди маҳаллаи “Касирзода”-и шаҳр идома дошта, сохтмончиён нақша доранд дар наздиктарин фурсат сохтмони мазкурро ба сифати баланд сохта, мавриди истифодаи умум қарор диҳанд.
Бояд гуфт, ки чунин тадбирҳои нек аз ҷониби оилаи Касировҳо ба нақша гирфта шуда, дар оянда низ бахшида ба таҷлили сазовори Истиқлолияти давлатӣ дар ободонии шаҳр саҳми назарраси хешро мегузоранд.