ДӮСТӢ. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ бо иштироки кормандони масъули КИН, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" суҳбату вохурӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур ду масъала, оид ба аз нав интихоб кардани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ баррасӣ карда шуд. Қайд гардид, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" Олимова Низора моро лозим аст, ки раиси нави ташкилоти ибтидоии мазкурро интихоб кунем.
Дар натиҷа бо дастгирии аксарияти кормандон, мудири нави бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ, Раҳимов Худоёр раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озодагон" интихоб карда шуд.