ДӮСТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар доираи Амалиёти ҳизбии "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман" кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касбии техникӣ-25" суҳбату вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ, саривақт супоридани аъзоҳаққӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ барои ҳар як аъзои ҳизб, суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи Амалиёти мазкур ба як қатор кормандони ҷавони ин муассиса ки нав аъзои ҳизб гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбиашон ботантана супорида шуд.