БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Эълону дастгирии соли ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри  мустаҳакамгардонии меъёри ватандӯстӣ, таркиботи  андешаи миллӣ аст ва аз худшиносии  миллии насли ҷавони кишвар дарак медиҳад.

Бесабаб нест, ки дар тамоми кишварҳои  дунё  ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

Тоҷикистон низ тарбияи пурраи  ҷавононро дар мадди аввал гузошт. Ба ин васила мутаҳиднамои ҷавонон дар ин самт омили муҳим барои  инкишофи ҷомеаи демократӣ ва роҳи расидан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сиёсати  ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд беш аз пеш асосӣ буда, дар ташаккули шахсияти онҳо нақши бузургу муассир мегузорад. Аз ин хотир,  татбиқи ин  сиёсат дорои аҳамияти бузург буда, аксари аҳолии онро насли ҷавон ташкил менамояд. Яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлати барои ҷавонон, ин таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад. Дар тули Истиқлолият Сарвари кишвар чандин маротиба бо ҷавонон мулоқоти бевосита баргузор намуда, дар он ба масълаҳои зиёди воқеии наврасону ҷавонон шинос гардида, дар ҳаллу бартараф сохтанашон баҳогузорӣ намуданд.

Пешвои миллат дар ҳама сафарҳои корӣ хоҳ дар хориҷ, хоҳ дар дохили  кишвар пайваста бо ҷавонон вохӯриҳо  анҷом медиҳад, аз кору пайкор ва  мушкилоти ҳаёти онҳо пурсон шуда, ҷиҳати бартараф гардонидани мушкилоти  ҳаётии онҳо ва мусоидат ба рушду такомулёбӣ дар ҷаҳони муосир  супоришҳои зарурӣ медиҳанд.

Дар ҷумҳуриамон баъди ноил шудан  ба сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ заминаи мусоид ва муассири беҳдошти  солимии насли  ҷавон ба миён омадааст. Ин омил дар навбати худ ҷиҳати парвариши тарбияи асил ва воқеии ҷавонони комилан мусоидро талаб менамояд.

Ҳамасола дар Паёми солонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр менамояд, ки дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои  ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошад.

Дар хусуси ҷавонон  ва сиёсати пешгирифтаи давлат дар бахши ҷавонон зурурат пеш омадааст, ки ин қишри  асосии ҷомеаро дар руҳияи ватанпарастию худшиносӣ, ки воситаи асосии тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аст, даъват намоем. Зеро Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои  нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллат дошта фахр менамояд.

Пешвои миллат борҳо дар мулоқотҳои хеш сиёсати давлатии ҷавононро  самти афзалиятнок дониста, бар он  таъкид намуданд, ки  “Мо бояд сиёсати давлатии  ҷавононро дар қатори  масъалаҳои стратегии давлати ва  амнияти миллии кишвар  ҳисобида авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ  ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зуроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраҳо мавриди таҳлилу омӯзиши ҷидди қарор диҳем”.

Бинобар ин барои ҳар як ҷавон зарур аст, ки дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, пайрави асили Пешвои  миллат бошанд.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg