БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ГИРАНДАГОНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ҶАВОНОНИ ЯТИМ

ДАНҒАРА.  Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”  аз ҷониби  шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вохӯрӣ  бо ҷавонони ятим ва тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсилдошта  таҳти унвони “Нақши ҷавондухтарон дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат” доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва боло бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор додааст. Ин омили натиҷабахш аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ба ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занону бонувон заминаи боэътимод гузоштааст. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарони кишвар ҳамчун ниҳоди қудратманди ҷомеа дар зинаи идоракунии давлатӣ ва пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ қавӣ гардида, бо дарки иродаи устувори сиёсии роҳбарияти олии мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳо мавқеи арзандаи худро нигоҳ медоранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg