ВОСЕЪ. Кумак ба нафароне, ки аз офати табии зарар дидаанд, аз тарафи шахсони саховатпеша ва хайрхоҳи ноҳияи Восеъ то ҳол идома дорад.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азизов Саймухтор ба оилаи Сафаров Саймумин, ки дар натиҷаи боридани боришоти зиёд қисме аз хонаи истиқоматияш зарар дида буд, барои барқарор намудани он ба миқдори 200 дона масолеҳи сохтмонӣ кумак карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки кормандони масъули ҳизбӣ ба ҳамаи оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, аз ҷумла ба оилаи Сафаров Саймумин тӯли як ҳафта барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кумак расониданд.