БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА ЭҲТИЁҶМАНДОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОСЕЪ. Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Аз рисолати инсонист агар шахс як эҳтиёҷманд ё маъюбро дар ҳолати нороҳатию афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси маъюбиро аз ӯ дур кунад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ кормандони масъули ҳизбӣ низ бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ намуда, ба аёдати як оилаи маъюбдоштаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳия рафтанд ва ба ин оила кумаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

Ҳамзамон, аёдатшудагон миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки маъюбону барҷомондагон доимо зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg