Ҷ.БАЛХӢ. Дирӯз дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбасти давраи якуми озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем!” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаазами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони лаёқатманд қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа мебошад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуд.
Озмунро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола оғоз намуда, оид ба дастгирию эътибори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону наврасони имконияташон маҳдуд, суханронӣ намуд. Инчунин, Сулаймонова Лола қайд намуд, ки кишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа доимо зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд. Дар озмуни мазкур аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кӯдакону наврасони маъюб бо волидонашон иштирок намуда, аз рӯи се номинатсия маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ баромадҳо намуданд.
Давраи якуми озмун аз ҷониби комиссияи озмун баҳогузорӣ карда шуда, ба ҳамаи наврасони маъюб маблағҳои пулӣ супорида шуд.
Дар натиҷа 2 нафар иштирокчиёни озмун ба даври дуюми озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.