БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “МО БО ШУМОЕМ!” АМАЛӢ ГАРДИД

ШАҲРИТУС. Оид ба баргузории Озмуни «Мо бо шумоем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи маориф» озмуни болозикр дар ҳайати 5 нафар комиссия таъсис дода шуда, бо супориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус тасдиқ гардидааст. Озмуни «Мо бо шумоем!» бо иштироки 33  нафар хонандагони маъюби довталаб дар 3 номинатсия баргузор гардид.

Ҳайати комиссия маҳорати довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, ғолибони даври якумро дар 3 номинатсия муайян намуданд.  Дар номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър хонандаи синфи 3-и МТМУ №25, маъюби гурӯҳи 1 Ғафуров Масруршоҳ ҷои якумро ишғол намуд. Дар номинатсияи маҳорати сурудхонӣ хонандаи синфи 9 –и МТМУ №4, маъюби гурӯҳи 2 Урунов Фахриддин ҷои якумро ишғол намуд.

Дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ хонандаи синфи 4 –и МТМУ №1, маъюби гурӯҳи 1 Панҷиев Саъдулло ҷои якумро ишғол намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg