ҶАЙҲУН. Дар доираи иқдомҳои неку хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнат аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аёдат карда шуда, кумаки молиявӣ ба ҳар яки онҳо ба миқдори 300 сомонӣ расонида шуд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки шукронаи ин давлату ҳукумат ва роҳбари онро мекунанд, ки кишвари азизамон тинҷу ором ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ то рафт боло мегардад.