ҶАЙҲУН. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғон, нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омодагиҳо ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангир дар МТМУ №10 вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад.
Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд, онҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд.
Хизматчиёне, ки хизматро содиқона ба ҷо меоранд ба рухсатии кӯтоҳмуддат рухсат дода мешаванд, ки ин амалҳо дар солҳои Шӯравӣ тамоман ба чашм намерасид.
Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба гузаронида мешавад. Ба хизмати ҳарбӣ танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27-сола расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ ва барои ҷавонони маълумоти олидор 12 моҳро дар бар мегирад.