БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» - И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ХУРОСОН. Маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» дар байни хонандагони сифҳои 10 – 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.  

Дар озмун аслан донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11  иштирок менамоянд. Маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи мамлакат доир мегардад.

Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg