ФАРХОР. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо ҷавондухтарони ятим аз Хонаи бачагони ноҳия ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур дар мавзӯи “Нақши ҷавондухтарон дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат” вохӯрӣ боргузор намуданд.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ноҳия Раҳимова Маъмурбӣ, рӯзноманигори рӯзномаи ноҳиявии “Гулистон” Маҷидов Абдулҳамид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷидов Абдулмаҷид зимни баромадаш иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.