ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Масъулин зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо аҳамияти сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқро ба сокинон шарҳ доданд.
Инчунин, аз тарафи масъулон ба сокинон варақа – таъкидҳо тақсим карда шуд.
Дар баробари ин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни дарпешистода 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро дар ҳудуди маҳаллаашон ҷоннок намоянд.