БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ФАРХУНДА БОД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи маҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳ., аъзоёни фаъоли Шӯро, Валиев Б., Мастов А., Исмонқулов А., Саидов Ф., Раҳматуллои Исматӣ, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри  Левакант Олимзода Низора ва сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу бо хонандагони МДТ ЛКСК-и шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид.

Собиқадорон ва аъзои гурӯҳ дар ин вохӯрӣ бобати таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҷавонон аз хатарҳои глобалии ҷаҳони имрӯза ибрози назар намуданд. Ҷавонон низ дар навбати худ аз собиқадорон дар раванди пешбурди ҷомеа ба саволҳояшон посухҳои мушахас гирифтанд.

Инчунин, собиқадорон ҷавононро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, барояшон интизоми намунавӣ ва хониши хубу аъло орзу карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg