БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИТОҲИ УТОҚИ КОРИИ РАИСИ КУМИТАИ МАҲАЛЛА

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Атавуллоев» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ барпо гардида, дар асоси талаботи нашқшаи корӣ-2021 Кумитаи иҷроияи ноҳия  утоқи кории раиси кумитаи маҳалла ва мағозаи маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ кушода шуд.

Дар ҷамъомад Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ,  вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ва инчунин мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ, изҳори ақида намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg