ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Атавуллоев”-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳия дидан намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ба якчанд нафар аз аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.