БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНӢ АЙЁМИ НЕКНОМӢ

ПАНҶ. Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» таҳти унвони «Ҷавонӣ айёми некномӣ»  дар роҳи марказии ноҳия бахшида ба Рӯзи «Дави миллӣ» чорабинҳои идона  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хонандагону донишҷўён, кормандони ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия  бо парчамҳои ҳизбӣ,  шиору овезаҳои давлатӣ  ширкат варзиданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ   дар ин чорабинии оммавӣ   иштироки фаъолона карданд.

Аъзо ва ихтиёриёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба бар либоси нишони «Созандагони Ватан» дошта, дар  баробари иштирок дар ин чорабинӣ тавонистанд нишон диҳанд, ки бо варзиш машғул шудан ин гарави тансиҳатӣ, нигоҳи нек ба зиндагию ҷомеа ва рафтори намунавӣ дар ҷамъият мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg