БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон - ифтихори давлату миллатанд

ВОСЕЪ. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Ҷавонии ҷамоат деҳоти Абди Авазов бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Султонова Саёҳат, муттахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ситамова Роҳила, директори муассисаи мазкур Маҳмадалиев Наврӯз баргузор гардид.

       Ситамова Роҳила дар назди ҷавонон баромад намуда, оиди меҳанпарастӣ ва созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуд.

     Зимни мулоқот раиси ташкилоти ибтидоӣ Тилабов Ҷурабек ба хонандагон оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумот доданд.

    Аз ҷумла директори муассисаи мазкур Маҳмадалиев Наврӯз қайд кард, ки ҷавонон бозӯи тавоноӣ миллатанд ва ин қувваи бузург бояд баҳри  ободкорию гул-гул шукуфоии Ватани азизамон сафарбар карда шавад. Дар ин самт ҷавонони  бо нангу номуси миллат ҳиссаи арзандаи худро гузошта, чун пешоҳанги  арсаи бунёдкорӣ хешро муаррифи  намоянд.

    Дар хотимаи ҷамъомад  ба хонандагони болаёқати ин муассиса аз ҷумла Нурхонова Сафаргул, Одинаев Бунёд, Файзигули Холбобозода ва хонандаи синфи 10, иштирокчии олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни математика Ваҳоббудини Давлаталӣ туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ супорида шуд.                          Ҳамзамон ҷавонон дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки ҳар як супориши  ба онҳо вогузоршударо  бо сарбаландӣ  иҷро намуда, дар партавӣ роҳнамоии Пешвои миллатамон, Раиси муаззами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg