Ш.ШОҲИН. Дӯст доштани Ватан, ин дӯст доштани модар, дӯст доштани ҳар сангу хок ва гулу гиёҳи диёру сарзамин, билохира дӯст доштани зиндагиро меомӯзад. Дӯст доштану арҷ гузоштан ва шукргузорӣ намуданро на ҳар фарди худогоҳ дар замири худ парварида метавонад. Ана ҳамин эҳсосот дар замири инсон дар оила ташаккул меёбад.
Имрӯзҳо ки ватани мо биҳиштро мемонад, мо тоҷикистониён бояд ба қадри ин неъмати худодод бирасем ва шукргузор бошем. Чунки носипосӣ ва ношукрӣ ба ин хоку ин сарзамин боиси тазоҳуроту изтиробҳои нангине хоҳад гардид. Бо ҳамин мазмун, мавзӯъҳои мубрами рӯз, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар қисмати интиҳоии вохӯрӣ саволу ҷавобҳои ошкоро сурат гирифт, ки сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, аз баргузории чунин вохӯриҳоро изҳори қаноатмандӣ баён карданд.